AgroSpaceBot – ёрдамчии виртуалӣ барои агробизнес – Neksigol Navovar

1 Хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣAPIЗамимаи компютерӣМессенҷерҳо

AgroSpaceBot – ёрдамчии виртуалӣ барои агробизнес

AgroSpaceBot замимаест, ки дар асоси мессенҷери Telegram таҳия шуда, ба паёмҳои ирсолшуда ба @agrospace_bot ҳамчун ёрдамчии виртуалӣ посух медиҳад ва айни замон сӯҳбатро бо усули матнӣ, аниқтараш, тавассути интихобҳои пай дар пай аз вариантҳои пешниҳодшуда анҷом медиҳад. Чатботи кишоварзӣ дар асоси маълумотҳои низоми идоракунии донишҳо ва махзанҳои кишоварзии Нексигол сохта шудааст.

Намуд Ҳалли рақамӣ
Ташкилот Гурӯҳи ширкатҳои «Нексигол» (Нексигол Навовар барои таҳияи барномавӣ ва Нексигол Мушовир барои мушовараи техникӣ дар қисми агрономӣ масъул аст)
Намуди ташкилот Стартап / КХМ
Давлат / Қаламрав Тоҷикистон
Ҷойгиршавӣ Хуҷанд
Амалӣ шудааст, дар Тоҷикистон
Пайванд https://t.me/agrospace_bot
Доираи истифодабарӣ Паҳни дониши кишоварзӣ ва хизматрасониҳои машваратӣ; Идоракунии хатари офатҳои табиӣ ва низомҳои огоҳии барвақтӣ; Ташаккули иқтидор ва тавонмандсозӣ
Домен Саломатӣ ва истеҳсолоти растаниҳо; Чорводорӣ, саломатӣ ва истеҳсолоти чорво; Занбурпарварӣ; Идоракунии хок; Идоракунии об
Тавсиф AgroSpaceBot - чатботи кишоварзӣ барои посух гирифтан ба саволҳо оиди нархҳои бозор, обу ҳаво ва воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ мебошад. Ба ин хизматрасонӣ дар режими 24*7 ба воситаи ҳама гуна дастгоҳи электронӣ дастрас шудан мумкин аст ва маълумот дар шакли осонфаҳм пешниҳод карда мешавад. Чатбот ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки маълумотро аз мессенҷер дар ҳама ҷо ҳатто бо алоқаи минималии интернет ҳам гирифта тавонанд. Бақайдгирӣ ва зеркашии замимаҳои махсуси мобилӣ лозим нест.
Амалӣ шудааст, аз соли 2022
Камолият Марҳилаҳои ибтидоӣ (идея)
Дар ҳамкорӣ бо Не
Технология Алоқаи рақамӣ (почтаи электронӣ, мессенҷерҳо/паёмнависии фаврӣ); Замимаи компютерӣ; API (Application Programming Interface)
Тавсифи технология Айни ҳол, AgroSpaceBot дар формати MVP амал мекунад, ки версияи аввалини замима буда, маҷмӯи ҳадди ақали функсияҳои кофӣ барои пешниҳод ба омма ва озмоиш бо истифодабарандагони аввалинро дорад. Аз ҷумла, интерфейси корбарии он танҳо бо забони русӣ аст ва интерфейси корбарии бисёрзабона бо аввалият ба забони тоҷикӣ ба чатбот ворид карда шуда истодааст.
Истифодабарандагон Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒТ, гурӯҳҳои ташаббускори маҳаллӣ); Бахши давлатӣ; Бахши хусусӣ (дигар бизнесҳо); Академия ва муассисахои илмӣ; Агрономони саҳроӣ; Машваратчиёни деҳа; Таъминкунандагони маводҳои кишоварзӣ; агро-мағозаҳо; Харидорони маҳсулотҳои кишоварзӣ
Тавсифи истифодабарандагон Ҳарчанд, AgroSpaceBot метавонад барои ҳама ҷонибҳои манфиатдори кишоварзӣ аз сабаби дастрасии осон ба иттилоот ва дониш, тавассути ҳамгироии он дар мессенҷерҳо ҷолиб бошад, он махсусан ба деҳқонони хурд нигаронида шудааст.
Аксарияти мардуми деҳот барои табодули иттилоот мессенҷерҳо ро афзалтар медонанд, зеро истифодаашон осон аст ва маъмулан онҳоро барои муошират бо хешовандон, дӯстон, ҳамкорон ва ғайраҳо истифода мебаранд. Имрӯзҳо ҳатто занон низ смартфон доранд, ҳадди ақал смартфони оддӣ доранд, зеро аксарияти фарзандони онҳо дар Русия кор мекунанд ва модарон аз тариқи мессенҷерҳо бо фарзандонашон сӯҳбат карданро афзал медонанд.
Бизнес модел Пурра ройгон; Реклама; Freemium (ройгон ва пулакӣ)
Тавсифи бизнес модел AgroSpaceBot айни замон дар формати MVP кор мекунад ва истифодааш комилан ройгон аст. Дар ин марҳила, ҳар истифодабаранда метавонад бидуни маҳдудият ба чатбот дастрасӣ пайдо кунад. Дар баробари ин, чатбот ҳамчун канал барои реклама ва фармоиши HOSIL.TJ - онлайн хизматрасонӣ барои интиқоли маводҳои кишоварзӣ истифода мешавад.
Дар оянда, пас аз иловаи ҳамаи функсияҳо, чатбот тавассути бизнес-модели freemium тиҷоратӣ карда мешавад. Истифодабарандагон метавонанд байни бастаи асосӣ бо дастрасии ройгон ва бастаи премиум бо пардохти обунашавии начандон калон интихоб кунанд. Бастаи асосӣ ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки ба аксарияти маълумот ва функсияҳои чатбот дастрасӣ пайдо кунанд. Бастаи премиум дастрасӣ ба маҷмӯи васеи функсияҳоро таъмин мекунад.
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо Чатбот бояд такмил дода шуда, функсияҳояш васеъ карда шаванд, то потенсиали чунин технологияҳо ба монанди чатбот дар якҷоягӣ бо омӯзиши мошинаҳо барои дастгирии кишоварзӣ пурра истифода шаванд. Аввалан, ба AgroSpaceBot бояд низоми огоҳкунии пешакӣ илова карда шавад, ки дар мавриди сармо, борони шадид, ҳарорати баланд, обхезӣ, огоҳии тӯфон, ҳодисаҳои ғайричашмдошти обу ҳаво, сар задани касалӣ/паҳншавии ҳашароти зараррасон ва ғ. in-app огоҳӣ фиристад. Дуюм, чатбот барои посух додан ба саволҳо оиди истеҳсол ва идоракунии зироатҳо, аз қабили кишт, обёрӣ, дорупошӣ, ҷамъоварӣ ва ғ. бояд такмил дода шавад. Илова бар ин, низом бояд тавассути ташкили гурӯҳҳои тематикии кишоварзӣ дар мессенҷерҳо васеъ карда шавад, то деҳқонон тавонанд ба коршиносон саволҳо дода, посух гиранд ва инчунин фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи маълумоти гирифтаашон ва тавсияҳои худро оиди чӣ гуна маълумотҳои паҳншавандаро беҳтар кардан мумкин аст, пешниҳод намоянд.
Марҳилаи занҷираи арзиш Истеҳсолот; Коркарди баъди ҷамъоварии ҳосил ва якҷоякунӣ; Тақсимот (яклухт ва чакана)
Таъсирот Тибқи тадқиқоти аз тарафи GIZ дар соли 2019 оид ба хизматрасониҳои рақамӣ гузаронидашуда, аҳолии деҳот бештар барои мубодилаи маълумот мессенҷерҳоро истифода мебаранд. Ҳамин тариқ, бо замимае ба монанди чатбот, ки ба мессенҷерҳо интегратсия шудааст, аксари деҳқонон метавонанд ба маълумот дар бораи таҷрибаҳои навтарини кишоварзӣ ва маълумоти маҳаллӣ, аз қабили нархҳои бозор ва пешгӯии обу ҳаво дастрасӣ пайдо кунанд ва ба ин васила ҳосили баланди маҳсулоти кишоварзиро ба даст оранд. Чатбот ба деҳқонон имкон медиҳад, ки ҳар вақт ба саволҳои худ оди истеҳсолоти кишоварзӣ посух гиранд ва ин дар навбати худ барои зудтар паҳн шудани технологияҳои муосири кишоварзӣ мусоидат менамояд.
ҲРУ ҲРУ 1: Барҳамдиҳии камбизоатӣ; ҲРУ 2: Бартарафкунии гуруснагӣ; ҲРУ 8: Кори шоиста ва рушди иқтисодӣ; ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор; ҲРУ 13: Мубориза бо тағирёбии иқлим
Боздид аз AgroSpaceBot

ДИГАР ЛОИҲАҲО