1 Хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣAPIВеб-барномаПардохти электронӣ
HOSIL.TJ – онлайн хизматрасонӣ барои интиқоли маводҳои кишоварзӣ
Акнун барои хариди маводи лозима ба маркази ноҳия, вилоят ва ё ҳатто ба дигар минтақаҳои кишвар сафар кардан зарур нест
HOSIL.TJ - ин онлайн -хизмат барои интиқоли маводҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон буда, барои деҳқонон бо нархи дастрас тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо ва ғ. пешниҳод менамояд
Вақту қувваи пурқиммати худро сарфа кунед. Маводҳои фармоишшуда аз HOSIL.TJ то ба манзил ройгон расонида мешаванд
Намуд | Ҳалли рақамӣ |
Ташкилот | Гурӯҳи ширкатҳои "Нексигол" (Нексигол Навовар барои таҳияи барномавӣ ва Нексигол Мушовир барои мушовараи техникӣ дар қисми агрономӣ масъул аст) |
Намуди ташкилот | Стартап / Корхонаҳои хурду миёна |
Давлат / Қаламрав | Тоҷикистон |
Ҷойгиршавӣ | Хуҷанд |
Амалӣ шудааст, дар | Тоҷикистон |
Пайванд | https://hosil.tj |
Доираи истифодабарӣ | Дастрасӣ ба бозор |
Домен | Саломатӣ ва истеҳсолоти растаниҳо; Чорводорӣ, саломатӣ ва истеҳсолоти чорво; Занбурпарварӣ; Идоракунии хок |
Тавсиф |
HOSIL.TJ - ин онлайн -хизмат барои интиқоли маводҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон буда, айни ҳол дар формати MVP амал мекунад, ки версияи аввалини хизматрасонӣ аст ва маҷмӯи ҳадди ақали функсияҳои кофӣ барои пешниҳод ба омма ва озмоиш бо истифодабарандагони аввалинро дорад. Деҳқонон метавонанд ба маркази тамос занг зананд ё дар веб-портал тухмӣ, нуриҳо, воситаҳои муҳофизати растанӣ ва ғайра фармоиш диҳанд. HOSIL.TJ маводҳои кишоварзиро бо нархҳои дастрас пешкаш мекунад, сифати молро кафолат медиҳад ва беҳтарин хизматрасонии пас аз фурӯшро пешкаш мекунад. Сифати кафолатнок маънои онро дорад, ки воситаҳои истеҳсолӣ дорои сертификат буда, қалбакӣ нестанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини маводҳои кишоварзии муосири баландсифат ва ба аз ҷиҳати экологӣ безарар дода мешавад. Беҳтарин хизматрасонии баъди фурӯш чунин маъно дорад, ки молҳои фармоишуда то макони фармоишгарон ба таври ройгон расонида шуда, машваратчиён/агрономон оиди истифодаи онҳо тавсияҳо медиҳанд. Хизматрасонӣ соли 2021 аз ҷониби Нексигол бо истифода аз гранте, ки дар натиҷаи ғолибият дар озмуни "#InnoResponse Challenge" дар доираи лоиҳаи БРСММ "Ҷавонон барои бизнес ва инноватсияҳо" ба кор андохта шудааст. |
Амалӣ шудааст, аз соли | 2021 |
Камолият | Марҳилаҳои ибтидоӣ (идея) |
Дар ҳамкорӣ бо | БРСММ |
Технология | Платформаҳои рақамӣ (онлайн форумҳо, порталҳо); Алоқаи рақамӣ (почтаи электронӣ, мессенҷерҳо/паёмнависии фаврӣ); Маркази тамос; API (Application Programming Interface) |
Тавсифи технология |
HOSIL.TJ - веб-платформаест, ки хизматрасонии интиқоли маводҳои кишоварзиро пешкаш мекунад. Он бо интерфейси мутобиқшаванда барои дастгоҳҳои гуногун тарҳрезӣ шудааст, то истифодабарандагон тавонанд онро дар компютерҳо, планшетҳо ва смартфонҳо кушоянд ва бо тамоми функсияҳояш истифода баранд. Бақайдгирӣ дар платформа бо истифода аз аутентификатсия тавассути рақамҳои телефони мобилӣ ва рамзҳои тасдиқӣ то ҳадди имкон осон карда шудааст. Платформа ба истифодабарандагон функсияҳои бо ях пахш зуд фармоиш додан, муқоисаи нархҳо ва хусусиятҳои маводҳои кишоварзӣ ва хариди оқилонаро тавассути онлайн машваратҳо пешкаш менамояд, масалан, барои дуруст интихоб ва ҳисоб кардани миқдори лозимаи маводҳои кишоварзӣ. Илова бар ин, HOSIL.TJ ба низомҳои пардохтии муассисаҳои молиявӣ тавассути пайвасти API пайваст карда шудааст, то дар платформа тавассути корти миллии бонкии Korti Milli, VISA ва ҳамёнҳои электронӣ пардохтҳо анҷом дода шаванд. Ба сабаби қимматӣ ва сифати пасти интернет дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон, кишоварзон дар истифодаи веб-платформаи барои фармоиши маводҳо мушкилиҳо доранд. Аз ин рӯ, HOSIL.TJ маркази тамос низ таъсис додааст. Он ба деҳқонон имкон медиҳад, ки маводҳои заруриро бо тариқи занги телефонӣ фармоиш намояд. Мессендҷерҳо ба мисли Telegram, Viber, Whatsapp ва IMO барои мубодилаи маълумот ва иртибот бо мизоҷон - деҳқонон, таъминкунандагони маводҳои кишоварзӣ, машваратчиёни деҳа ва ронандагони таксӣ истифода мешаванд. Веб-платформа HOSIL.TJ бо забони Тоҷикӣ пешкаш мешавад. |
Истифодабарандагон | Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ҳоҷагии деҳқонии миёна; Ҳоҷагии деҳқонии калон; Бахши хусусӣ (дигар бизнесҳо); Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒТ, гурӯҳҳои ташаббускори маҳаллӣ); Таъминкунандагони маводҳои кишоварзӣ; агро-мағозаҳо; Машваратчиёни сахроӣ; Машваратчиёни деҳа; Ронандагони такси ва мошинаҳои боркаш |
Тавсифи истифодабарандагон |
Истифодабарандагони HOSIL.TJ ҳама истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан деҳқонони хурд ва деҳқонони деҳаҳои дурдаст мебошанд. HOSIL.TJ қариб бо ҳамаи таъминкунандагони маҳаллии маводҳои кишоварзӣ ва мағозаҳои кишоварзӣ ҳамкорӣ намуда, имконияти истифодаи технологияҳои рақамиро барои фурӯши маҳсулоташон ҳамчун канали иловагии таблиғот ва фурӯш пешкаш мекунад. HOSIL.TJ ронандагони таксӣ ва мошинаҳои боркашро ҳамчун қосидон барои интиқоли маводҳои кишоварзии фармоишшуда ҷалб намуда, ба онҳо имконияти гирифтани даромади иловагӣ фароҳам меорад. Ронандагон аввал аз HOSIL.TJ фармоишҳо барои ба деҳаҳо интиқол додан мегиранд ва пас аз он мусофиронашонро ҷамъ карда, ба роҳ мебароянд ва ба ин васила даромади худро зиёд ва арзиши интиқоли маводҳои кишоварзиро кам мекунанд. HOSIL.TJ ба агрономони саҳроӣ ва машваратчиёни деҳот бо пешниҳоди комиссияҳо барои фармоиши яклухти маводҳои кишоварзӣ барои деҳқонони деҳаҳои худ даромади иловагӣ пешкаш менамояд. |
Бизнес модел | Freemium (бесплатно и платно) |
Тавсифи бизнес модел | HOSIL.TJ хариди маводи кишоварзиро тавассути ҷори намудани фармоиши онлайн ва фосилавӣ ба модели даромади худ табдил медиҳад. HOSIL.TJ аз ҳар як фармоиш 10% комиссия мегирад. Чеки миёна барои хариди маводҳои кишоварзӣ 500 сомони аст, ки аз он комиссияи HOSIL.TJ 50 сомони аст, ки тамоми хароҷоти коркард ва расонидани фармоишро дар бар мегирад. |
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо |
Бинобар дастрас набудани дастгоҳҳои рақамӣ, қимматӣ ва сифати пасти интернет ва саводи пасти рақамӣ дар деҳоти Тоҷикистон, деҳқонон барои фармоиши маводи кишоварзӣ бо истифода аз веб-платформа мушкилӣ мекашанд. Барои ҳалли ин мушкилот, HOSIL.TJ маркази тамосро таъсис додааст, ки тавассути он деҳқонон метавонанд маводи зарурии кишоварзиро занг зада фармоиш диҳанд. Аммо нигоҳдории маркази тамос хароҷоти HOSIL.TJ-ро зиёд мекунад. Бозори воситаҳои истеҳсолии кишоварзии Тоҷикистон суст рушд кардааст, дар он нуриҳои пастсифат, воситаҳои ҳифзи растанӣ ва тухмиҳо бе сертификати сифат бештар ба назар мерасанд ва аксар вақт миқдори зиёди маҳсулоти қалбакии тамғаҳои маъруф вуҷуд доранд. Ин ба он оварда мерасонад, ки HOSIL.TJ на ҳама вақт иҷрои фармоишҳои гирифташуда иҷро карда тавонад, зеро дар дохили кишвар маводи кишоварзии босифат ва бо сертификатҳои дахлдорро аз таъминкунандагони маҳаллӣ пайдо кардан ғайриимкон аст. Барои рафъи ин мушкилот HOSIL.TJ ният дорад, ки бо таъминкунандагони байналмиллалӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад. Аз сабаби гарон будани маводи кишоварзӣ ва дониши суст оиди агротехника, аксари деҳқонон миқдори хеле маҳдуди маводи кишоварзиро истифода мебаранд ва ҳатто агар сертификати сифат надошта бошанд ҳам, арзонтаринро интихоб мекунанд. Ин аз як тараф ба пастшавии ҳосил ва сифати пасти маҳсулоти деҳқонон оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, ин боиси камшавии миқдори фармоишҳои HOSIL.TJ мегардад. Барои ҳалли ин масъала, HOSIL.TJ семинарҳо ва рӯзҳои саҳроӣ баргузор намуда, агрономҳои саҳроӣ ва машваратчиёни деҳаро ҷалб менамояд, то деҳқононро дар бораи он ки, чӣ гуна маводҳои кишоварзии босифат ва иҷроиши дурусти усулҳои агротехникӣ самаранокӣ ва даромаднокии истеҳсолотро баланд карда метавонанд, омӯзонанд. |
Марҳилаи занҷираи арзиш | Истеҳсолот; Коркарди баъди ҷамъоварии ҳосил ва якҷоякунӣ |
Таъсирот |
Акнун ба деҳқонон лозим нест, ки барои харидани маводҳои зарурии кишоварзӣ ба марказҳои ноҳияҳою вилоятҳо ва ҳатто ба дигар вилоятҳои кишвар сафар кунанд. Маводҳои кишоварзии фармоишшуда то манзили онҳо ройгон расоинда мешаванд. Аз як тараф, HOSIL.TJ дастрасии деҳқонон ба маводҳои босифату боэътимоди кишоварзиро дар тамоми кишвар, аз ҷумла дар деҳаҳои дурдаст тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ ва таблиғи таҷрибаҳои устувори кишоварзӣ осон мекунад. Аз тарафи дигар, HOSIL.TJ миқдори фурӯш, мизоҷон ва даромади таъминкунандагони маҳаллии маводи кишоварзӣ, мағозаҳои кишоварзӣ, агрономҳои саҳроӣ, машваратчиёни деҳот ва ронандагони таксӣ/мошинаҳои боркашро афзоиш медиҳад. Пешниҳодҳои арзишии HOSIL.TJ инҳоянд: - Онлайн фармоиш ба мизоҷон имкон медиҳад, ки дар вақти дилхоҳ ва дар куҷое, ки набошанд, ва инчунин ба маводи кишоварзие, ки дар минтақаи онҳо дастрас нестанд, фармоиш намоянд. - Расонидани маводҳои фармоишуда то ба манзил ба деҳқонон барои нигоҳубини кишт вақти бештар медиҳад, зеро барои харидани маводи зарурии кишоварзӣ ба маркази вилоят ва ё дигар минтақаҳои кишвар сафар кардан лозим нест. - Ҳарчанд фармоишҳоро бо пули нақд пардохт кардан мумкин аст, HOSIL.TJ пардохтҳои электрониро бо пешниҳоди тахфифҳо барои пардохтҳои электронӣ тавассути ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявӣ таблиғ менамояд, ки ба шаффофияти бахш мусоидат мекунад. Айни замон, HOSIL.TJ дар як моҳ ҳудуди 50-100 фармоиш қабул мекунад. |
ҲРУ | ҲРУ 1: Барҳамдиҳии камбизоатӣ; ҲРУ 2: Бартарафкунии гуруснагӣ; ҲРУ 8: Кори шоиста ва рушди иқтисодӣ; ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор; ҲРУ 10: Кам кардани нобаробарӣ |