СМС-агролайн – хизматрасонии паҳни дониши кишоварзӣ ва низоми огоҳкунии пешакӣ – Neksigol Navovar

1 Хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣAPIIoTЗамимаи компютерӣСенсорҳоСМС

СМС-агролайн – хизматрасонии паҳни дониши кишоварзӣ ва низоми огоҳкунии пешакӣ

СМС-агролайн - хизматрасонии паҳни дониши кишоварзӣ ва низоми огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷиистон мебошад, тавассути СМС-паёмҳо ҷорӣ карда шудааст. СМС-агролайн нархҳои бозор, иттилооти агроиқлимӣ ва маслиҳатҳои кашоварзиро аз истифодаи воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ то коркарди баъди ҷамъоварии ҳосил паҳн мекунад. Низоми огоҳкунии пешакии СМС-агролайн дар мавриди сармо, борони шадид, ҳарорати баланд, обхезӣ, огоҳии тӯфон, ҳодисаҳои ғайричашмдошти обу ҳаво, сар задани касалӣ/паҳншавии ҳашароти зараррасон ва ғ. огоҳӣ мефиристад.

Намуд Ҳалли рақамӣ
Ташкилот Гурӯҳи ширкатҳои «Нексигол» (Нексигол Навовар барои таҳияи барномавӣ ва Нексигол Мушовир барои мушовараи техникӣ дар қисми агрономӣ масъул аст)
Намуди ташкилот Стартап / КХМ
Давлат / Қаламрав Тоҷикистон
Ҷойгиршавӣ Хуҷанд
Амалӣ шудааст, дар Тоҷикистон
Пайванд -
Доираи истифодабарӣ Паҳни дониши кишоварзӣ ва хизматрасониҳои машваратӣ; Идоракунии хатари офатҳои табиӣ ва низомҳои огоҳии барвақтӣ
Домен Саломатӣ ва истеҳсолоти растаниҳо
Тавсиф СМС-агролайн - хизматрасонии паҳни дониши кишоварзӣ ва низоми огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷиистон мебошад, тавассути СМС-паёмҳо ҷорӣ карда шудааст. СМС-агролайн нархҳои бозор, иттилооти агроиқлимӣ ва маслиҳатҳои кашоварзиро аз истифодаи воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ то коркарди баъди ҷамъоварии ҳосил паҳн мекунад. Низоми огоҳкунии пешакии СМС-агролайн дар мавриди сармо, борони шадид, ҳарорати баланд, обхезӣ, огоҳии тӯфон, ҳодисаҳои ғайричашмдошти обу ҳаво, сар задани касалӣ/паҳншавии ҳашароти зараррасон ва ғ. огоҳӣ мефиристад.
Версия якумини ин низом соли 2010 аз ҷониби Нексигол бо дастгирии техникии БРСММ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо» ва ҲЕЛВЕТАС дар доираи лоиҳаи "Рушди бозори маҳаллӣ" таҳия шуда, аз соли 2016 пурра аз ҷониби Нексигол нигоҳдорӣ ва идора карда мешавад. Дар соли 2018, Нексигол модернизатсияи низомро анҷом дода, панели идоракунии онро ба веб-платформа интиқол дод, ки идоракунии маълумот оиди обунаҳо, қолабҳои паёмҳо, мӯҳлатҳо ва ғ. осон гардид.
Айни замон, Нексигол дар ҳамкорӣ КАРИТАС ҳамкорӣ мекунад, то маълумоти паҳншавандаи обу ҳаво ва иттилооти агроиқлимӣ тавассути таҳияи хизматрасонии агрометеорологӣ, ки ба шабакаи маҳаллӣ насбшудаи стансияҳои агрометеорологӣ ва моделҳои мувофиқкардашудаи бемориҳо, намии хок, парвози ҳашарот ва ғайра асос ёфтааст, дақиқтар ва ба шароити маҳаллӣ мутобиқтар карда шаванд.
Амалӣ шудааст, аз соли 2010; 2018; 2022
Камолият Исботшуда (васеъшавӣ)
Дар ҳамкорӣ бо БРСММ; ҲЕЛВЕТАС; КАРИТАС
Технология Замимаи компютерӣ; Платформаҳои рақамӣ (онлайн форумҳо, порталҳо); СМС; Сенсорҳо (обу ҳаво, геотег); Интернети чизҳо (IoT); API (Application Programming Interface)
Тавсифи технология СМС-агролайн - ин барномаест, ки бо низомҳои дигар, ба монанди API-пайваст бо платформаҳои дигар барои гирифтани маълумоти ибтидоӣ, веб-платформа барои идоракунии маълумот оиди обунаҳо, СМС ва чатбот барои паҳни маълумот дастгирӣ карда мешавад.
СМС-агролайн бо низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо тавассути API пайваст шуда, маълумотро оиди нархҳои бозории маҳсулоти хӯрока, маҳсулоти кишоварзӣ, воситаҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти ғайриозуқа (аз қабили сӯзишворӣ, меъёрҳои музди Мардикорон ва ғ.) мегирад.
Дар айни замон, СМС-агролайн маълумоти обу ҳаворо аз платформаи agromonitoring.com тавассути API-пайваст қабул мекунад, ки ҳарорати ҳаво, намӣ, суръати шамол ва дигар нишондиҳандаҳои муҳими обу ҳаворо дар бар мегирад (ба наздикӣ низом маълумотро дар бораи обу ҳаво аз шабакаи маҳаллӣ насбшудаи стансияҳои агрометеорологӣ қабул мекунад). Дар баробари ин, дастурҳои аз тарафи мутахассисон тафтишшуда оид ба истеҳсол ва идоракунии зироатҳо, аз қабили кишт, обёрӣ, дорупошӣ ва ҷамъоварии ҳосил дар махзани идоракунии донишҳо ҷамъ карда мешаванд. Барнома маълумотҳои обу ҳаворо бо дастурҳои истеҳсолот ва идоракунии зироатҳо муттаҳид мекунад, то иттилооти агроиқлимӣ ва машваратҳои агротехникиро таҳия кунад ва онҳоро ба деҳқонон ба намуди қулай пешкаш кунад. Инчунин, СМС-агромашваратҳо маълумот дар бораи таъминкунандагони воситаҳои кишоварзӣ ва харидорони маҳсулоти кишоварзиро фаро мегиранд.
Айни замон, Нексигол платформа барои созмонҳои дастирии бизнес сохта истодааст, ки он ба онҳо имкон медиҳад, то обунаҳои гурӯҳҳои деҳқонони худро мустақилона идора намоянд.
Истифодабарандагон Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒТ, гурӯҳҳои ташаббускори маҳаллӣ); Бахши давлатӣ; Бахши хусусӣ (дигар бизнесҳо); Академия ва муассисахои илмӣ; Агрономони саҳроӣ; Машваратчиёни деҳа; Таъминкунандагони маводҳои кишоварзӣ; агро-мағозаҳо; Харидорони маҳсулотҳои кишоварзӣ
Тавсифи истифодабарандагон СМС-агролайн барои фарогирии деҳқонони хурде, ки дастрасиашон ба алоқаи Интернет маҳдуд аст, чунин каналҳои паҳни маълумотро, ба монанди СМС ва чатбот истифода мебарад. То имрӯз дар махзани СМС-агролайн рӯйхати зиёда аз 15 000 деҳқонони хурд ҷамъ шуда, мунтазам актуалӣ ва васеъ карда мешавад.
СМС-агролайн-ро якчанд ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ истифода мебаранд, ки лоиҳаҳои рушди кишоварзиро амалӣ менамоянд. Ҳамкорӣ бо чунин ташкилотҳо фарогирии миқдори зиёди деҳқононро осон менамояд.
Низоми огоҳкунии пешакии СМС-агролайн-ро доираи васеи муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии рушд, бонкҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои расонидани маълумот ба ҷомеаҳо истифода бурда метавонанд, то ки ба ин васила дар кам кардани таъсири хатарҳои ба офатҳои табиӣ ва тағирёбии иқлим вобаста кӯмак намоянд.
Инчунин, истифодабарандагони СМС-агролайн таъминкунандагони маводҳои кишоварзӣ, ширкатҳои савдо ва корхонаҳои коркард мебошанд, зеро онҳо метавонанд СМС-агролайн-ро ҳамчун канали иловагӣ барои реклама, фурӯши воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ ва хариди ашёи хоми кишоварзӣ истифода баранд.
Бизнес модел Обунаи муқаррарӣ; Реклама
Тавсифи бизнес модел СМС-агролайн паёмҳоро оиди нархҳои бозорӣ, иттилооти агроиқлимӣ ва агро-машваратҳо бо арзишҳои дастрас тавассути обунаҳо пешкаш менамояд ва ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки маблағи обунаро дар давоми мавсим тавассути банкоматҳо, ҳамёнҳои мобилӣ ва тавозуни телефони мобилӣ пардохт намоянд. Илова бар ин, аксари обунаҳо бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки лоиҳаҳои рушди кишоварзиро амалӣ менамоянд, алоқаманд ҳастанд. Инчунин, паҳн кардани паёмҳои огоҳкунии пешакӣ ё аз ҷониби ташкилотҳои дастгирикунанда ё аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ҳамчун як қисми маъракаҳои таблиғотии онҳо пардохт карда мешавад.
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо Такмилдиҳии низом ва васеъ кардани функсияҳои он тавассути пайваст кардани он ба шабакаи станцияҳои агрометеорологӣ ва васеъ кардани он бо моделҳои бемориҳо, намии хок, парвози ҳашарот ва ғ. барои пешниҳоди маълумоти дақиқтар ва маҳаллигардонидашудаи обу ҳаво ва агро-машваратҳои амалишаванда, ки ба рушди устувори кишоварзӣ мусоидат мекунанд, зарур аст. Инчунин, бояд механизми бозсозӣ таъсис дода шавад, ки ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки дар бораи иттилооти гирифтаашон фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намоянд ва мувофиқи ин пешниҳодҳо низом такмил дода шавад. Илова бар ин, дар байни таъминкунандагон/истеҳсолкунандагони маълумот (Вазорати кишоварзӣ, Агентии гидрометеорология, Агентии мелиоратсия ва обёрӣ, муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо) механизми ҳамоҳангсозӣ таъсис дода мешавад.
Марҳилаи занҷираи арзиш Истеҳсолот; Коркарди баъди ҷамъоварии ҳосил ва якҷоякунӣ; Коркард; Тақсимот (яклухт ва чакана)
Таъсирот Дар СМС-агролайн технологияҳои сатҳи паст барои паҳн кардани маълумот истифода бурда шудаанд, то ки маълумот оиди нархҳои бозор ва иттилоотии агро-иқлимӣ ба деҳқонони хурди осебпазир ҳам дастрас гарданд ва ба ин васила огоҳӣ ва иқтидори онҳо ба мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва диверсификатсияи манбаъҳои даромад баланд шаванд. Агар дастрасӣ ба иттилооти бозор ба деҳқонон имкон диҳад, ки истеҳсолоти маҳаллиро бо бозорҳо ва занҷирҳои таъминот беҳтар пайванданд, дастрасӣ ба иттилооти агро-иқлимӣ ба онҳо дар кам кардани таъсири хатарҳои вобаста ба обу ҳаво кӯмак мекунад.
ҲРУ ҲРУ 1: Барҳамдиҳии камбизоатӣ; ҲРУ 2: Бартарафкунии гуруснагӣ; ҲРУ 8: Кори шоиста ва рушди иқтисодӣ; ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор; ҲРУ 13: Мубориза бо тағирёбии иқлим

ДИГАР ЛОИҲАҲО