
1 Хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣВеб-сомонаЗамимаи мобилӣ
Веб-сомона ва замимаи мобилӣ оиди ҳифзи растанӣ
Веб-сомона ва замимаи мобилӣ оиди ҳифзи растаниҳо ҷустуҷӯи дастурҳоро оид ба ҳифзи растаниҳо аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ва алафҳои бегона, ки аз ҷониби коршиносон тафтиш карда шудаанд, осон мекунад. Замима дар бораи намудҳои гуногуни воситаҳои ҳифзи растанӣ, ки дар кишвар истифода мешаванд, аз ҷумла усулҳои биологӣ ва қоидаҳои истифодаи дуруст ва бехатари онҳо дар зироатҳои киштшуда маълумот медиҳад.
Намуд | Ҳалли рақамӣ |
Ташкилот | Гурӯҳи ширкатҳои «Нексигол» (Нексигол Навовар барои таҳияи барномавӣ ва Нексигол Мушовир барои мушовараи техникӣ дар қисми агрономӣ масъул аст) ва ҶДММ «АгроИнформАзия» |
Намуди ташкилот | Консорсиуми шарикон |
Давлат / Қаламрав | Тоҷикистон, Қирғизистон |
Ҷойгиршавӣ | Хуҷанд, Бишкек |
Амалӣ шудааст, дар | Тоҷикистон, Қирғизистон |
Пайванд |
https://apps.agroinform.asia/tj/manualszr/index.html https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.agroinform.manualszr&hl=ru&gl=US https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.agroinform.szr&hl=ru&gl=US https://szr.agroinform.asia/tj |
Доираи истифодабарӣ | Ташаккули иқтидор ва тавонмандсозӣ; Паҳни дониши кишоварзӣ ва хизматрасониҳои машваратӣ |
Домен | Саломатӣ ва истеҳсолоти растаниҳо |
Тавсиф | Хусусияти махсусан муфиди замима дар он аст, ки дастурҳоро аз рӯи номҳои тиҷоратӣ ва компонентҳои фаъоли воситаҳои ҳифзи растанӣ, номҳои зироатҳо, ҳашароти зараррасон, касалиҳо ва алафҳои бегона ёфтан мумкин аст. Истифодабарандагони замима инчунин дар бораи қоидахои дорупошӣ, намудҳои дорупошакҳо ва калибровкаи онҳо, тарзи тайёркунии омехтахои корӣ ва чораҳои эҳтиётӣ ҳангоми пошидани заҳрдоруҳо маълумот пайдо карда метавонанд. |
Амалӣ шудааст, аз соли | 2015; 2022 |
Камолият | Исботшуда (васеъшавӣ) |
Дар ҳамкорӣ бо | БРСММ |
Технология | Замимаи мобилӣ; Платформаҳои рақамӣ (онлайн форумҳо, порталҳо) |
Тавсифи технология | Дастурамали электронӣ оид ба ҳифзи растаниҳо ҳамчун веб-платформа ва замимаи мобилӣ барои смартфонҳои Андроид бо се забон – Тоҷикӣ, Қирғизӣ ва Русӣ дастрас аст. Агар барои дастрасӣ ба веб-платформа ҳамеша пайвасти интернет талаб карда шавад, пас бо зеркашии замимаи мобилӣ ба смартфони худ, истифодабарандагон метавонанд онро бе пайвасти интернет истифода баранд. Дастурамали электронӣ дорои функсияи ҷустуҷӯ аз рӯи калимаҳои калидӣ мебошад, инчунин маълумоти заруриро бо истифода аз феҳристҳо ёфтан мумкин аст. |
Истифодабарандагон | Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ҳоҷагии деҳқонии миёна; Ҳоҷагии деҳқонии калон; Бахши хусусӣ (дигар бизнесҳо); Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒТ, гурӯҳҳои ташаббускори маҳаллӣ); Бахши давлатӣ; Академия ва муассисахои илмӣ |
Тавсифи истифодабарандагон | Дастурамали электронӣ оид ба ҳифзи растаниҳо барои мутахассисон ва мушовирони соҳаи кишоварзӣ, ташкилотҳои фурӯшандаи воситаҳои ҳифзи растанӣ ва деҳқонон, пеш аз ҳама аз Тоҷикистон ва Қирғизистон пешбинӣ шудаанд. Аммо, онҳоро дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода бурдан мумкин аст, зеро онҳо бо забони русӣ низ дастрасанд. |
Бизнес модел | Пурра ройгон; Реклама |
Тавсифи бизнес модел | Замимаҳоро ба телефонҳои мобилӣ тавассути Google Play Store ё вебсайти барнома ройгон зеркашӣ ва истифода бурдан мумкин аст. Веб-платформа инчунин барои истифодабарандагон бидуни маҳдудият боз аст. Ҳарчанд, дар замимаҳо ва веб-платформа in-app рекламаи Google Ads ҷорӣ карда шудааст. |
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо | Дастурамали электронӣ оид ба ҳифзи растаниҳо барои Тоҷикистон дар асоси "Дастурамал оид ба ҳифзи растаниҳо"-исоли 2010 нашршуда таҳия шудааст, Аз он вақт инҷониб дар бозори Тоҷикистон бисёр маводҳои нави ҳифзи растанӣ пайдо шуданд ва бисёр маҳсулотҳои аллакай мавриди истифода қарор дошта, бинобар хатарнок будан ба наботот, муҳити зист ва инсон барои фурӯш дар кишварҳои дигар манъ карда шудаанд. Аз ин рӯ, зарурати шадиди нав кардани мӯҳтавои дастур ва баъдан нав кардани нусхаи электронии он ба миён омадааст. |
Марҳилаи занҷираи арзиш | Истеҳсолот |
Таъсирот |
Бо беҳтар кардани дастрасии деҳқонон ба дастурҳои аз ҷониби коршиносон тафтишшуда, ин замима метавонад истифодаи зиёдатӣ ва нолозими заҳрдоруҳоро пешгирӣ намояд. Ин ба деҳқонон кӯмак мекунад, ки хароҷоти ҳифзи растаниҳоро кам кунанду таъсири истеҳсолоти кишоварзиро ба муҳити зист паст намоянд. Дар айни замон замимаҳои мобилӣ беш аз 10 000 маротиба зеркашӣ шудаанд. Ҳар моҳ беш аз 3 000 нафар истифодабарандагон аз веб-портал истифода мебаранд. |
ҲРУ | ҲРУ 1: Барҳамдиҳии камбизоатӣ; ҲРУ 2: Бартарафкунии гуруснагӣ; ҲРУ 8: Кори шоиста ва рушди иқтисодӣ; ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор |
Замимаи мобилӣ барои занбӯриасалпарварон
Агри-Видео – канал бо видеоҳои таълимӣ ва иттилоотӣ барои агробизнес