e-Agri-Trade – платформаи савдои маҳсулоти кишоварзӣ – Neksigol Navovar

1 Хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣВеб-барномаЗамимаи мобилӣ

e-Agri-Trade – платформаи савдои маҳсулоти кишоварзӣ

Платформаи тиҷорати электронии Осиёи Миёна дар соҳаи кишоварзӣ онлайн платформаест, ки дастраскунандагон метавонанд пешниҳодҳои худро нашр кунанд ва истеъмолкунандагон молу хидматҳои гуногунро тариқи компютерҳо, смартфонҳо ва планшетҳо (бо истифода аз замимаи мобилии махсус) ҷустуҷӯ кунанд. Платформаи савдо ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки бо соҳиби маҳсулот тариқи телефон ё почтаи электронӣ тамос гиранд. Барои нашр кардани эълон, истифодабаранда бояд дар низом сабти ном кунад. Платформаи савдо барои истифода бо чор забон дастрас аст: русӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ ва англисӣ

Намуд Ҳалли рақамӣ
Ташкилот Гурӯҳи ширкатҳои «Нексигол» (Нексигол Навовар барои таҳияи барномавӣ ва Нексигол Мушовир барои мушовараи техникӣ дар қисми агрономӣ масъул аст) ва ҶДММ «АгроИнформАзия»
Намуди ташкилот Консорсиуми шарикон
Давлат / Қаламрав Тоҷикистон, Қирғизистон
Ҷойгиршавӣ Хуҷанд, Бишкек
Амалӣ шудааст, дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистан, Қазоқистон, Федератсияи Россия
Пайванд http://trade.agroinform.asia
Доираи истифодабарӣ Ташаккули иқтидор ва тавонмандсозӣ; Идоракунӣ (Чорчӯбаи меъёрӣ)
Домен Саломатӣ ва истеҳсолоти растаниҳо; Чорводорӣ, саломатӣ ва истеҳсолоти чорво; Занбурпарварӣ; Коркарди маҳсулоти ғизоӣ; Идоракунии хок
Тавсиф Платформаи савдои маҳсулоти кишоварзӣ имкон медиҳад, ки эълон дар бораи фурӯш ва хариди маҳсулоти кишоварзӣ, воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ, техника, таҷҳизот, бастабандӣ ва ғ. дар сатҳи ду кишвар - Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷой дода шавад. Инчунин, шахсони манфиатдор аз дигар кишварҳо низ метавонад эълонҳои худро илова намоянд. Имконияти тамоси бевосита бо соҳиби маҳсулот/эълон тавассути телефон ва почтаи электронӣ вуҷуд дорад.
Ин низом соли 2016 аз ҷониби консорсиуми Нексигол ва AгроИнформАзия бо дастгирии техникии БРСММ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ» таҳия шудааст.
Амалӣ шудааст, аз соли 2016
Камолият Исботшуда (васеъшавӣ)
Дар ҳамкорӣ бо БРСММ
Технология Платформаҳои рақамӣ (онлайн форумҳо, порталҳо); Замимаи мобилӣ
Тавсифи технология e-Agri-Trade ҳамчун веб-платформа ва замимаи мобилӣ барои смартфони Андроид таҳия шудааст, азназаргузаронӣ ва иловакунии эълонҳоро тавассути компютерҳо, планшетҳо ва смартфонҳои ба алоқаи Интернет пайваст метавон анҷом дод. Дар веб-платформа ва замимаи мобилӣ функсияҳои мавҷуд ҳастанд:
- Иловакунии эълонҳо пас аз бақайдгирии оддӣ
- Ҷустуҷӯи эълонҳо аз рӯи калимаҳои калидӣ ва категорияҳо
- Дидани маълумот барои тамос бо соҳиби эълон (телефон ва почтаи электронӣ)
- Иловакунии аксҳои маҳсулот, ки дар смартфон ё аз Интернет гирифта шудаанд. Платформа бо 4 забонҳо - Тоҷикӣ, Қирғизӣ, Русӣ ва Англисӣ дастрас аст.
Истифодабарандагон Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ҳоҷагии деҳқонии миёна; Ҳоҷагии деҳқонии калон; Бахши хусусӣ (дигар бизнесҳо); Истеъмолкунандагони озуқаворӣ
Тавсифи истифодабарандагон Истифодабарандагони платформаи савдо гуногунанд ва метавонанд аз деҳқонони хурд то калон, инчунин дигар иштирокчиёни занҷирҳои таъминоти озуқаворӣ бошанд. Истифодабарандагон бояд барои иловакунии эълонҳо дар платформа аз бақайдгирӣ гузаранд. Бақайдгирӣ ройгон аст ва камтар аз як дақиқа вақт мегирад. Барои бақайдгирӣ фаъолсозӣ аз тарафи маъмури платформа талаб карда намешавад. Истифодабарандагони бақайдгирифташуда метавонанд эълонҳои худро идора кунанд ва эълонҳои маъқулро дар рӯйхати дӯстдоштаҳо сабт намоянд.
Бизнес модел Манбаи кушода; Пурра ройгон; Реклама
Тавсифи бизнес модел Веб-платформа ва замимаи мобилӣ барои смартфони Андроид манбаи кушодаасос мебошанд, аз ин рӯ, азназаргузаронӣ ва иловакунии эълонҳо низ ройгон аст. Ҳарчанд, дар веб-платформа ва замимаи мобилӣ ду намуди in-app реклама ҷорӣ карда шудаанд: Google Ads ва модули худ барои намоиши реклама дар бораи тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо ва ғ. Арзиши реклама $10 дар як моҳ ё $50 дар як сол аст.
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо Бинобар дастрас набудани дастгоҳҳои рақамӣ, қимматӣ ва сифати пасти интернет ва саводи пасти рақамӣ дар деҳоти Тоҷикистон, деҳқонон дар истифодаи веб-платформа савдои кишоварзӣ мушкилӣ мекашанд. Аз ин рӯ, машваратчиёни деҳа ва дигар мутахассисони кишоварзӣ барои кӯмак ба деҳқонон дар иловакуни эълонҳо дар платформаи савдо ҷалб карда шудаанд. Инчунин, деҳқонон метавонанд ба маркази тамос занг зада, дархост кунанд, ки эълонашон илова карда шавад.
Марҳилаи занҷираи арзиш Истеҳсолот; Коркарди баъди ҷамъоварии ҳосил ва якҷоякунӣ; Коркард; Тақсимот
Таъсирот Платформаи савдои маҳсулот ба деҳқонон ва дигарон дар занҷири таъминоти маҳсулоти хӯрока имкон медиҳад, ки технологияи рақамиро барои пайдо кардани харидорон ва фурӯши маҳсулоти худ истифода баранд. Он талабот ва пешниҳодро дар занҷири таъминоти маҳсулоти хӯрока пайваст мекунад ва ба истеъмолкунандагон имкон медиҳад, ки бевосита аз деҳқонон ё ба деҳқонон аз таъминкунандагон харидорӣ намоянд ва ғ.
Миқдории истифодабарандагон дар як моҳ беш аз 3 000 нафарро ташкил медиҳад.
ҲРУ ҲРУ 1: Барҳамдиҳии камбизоатӣ; ҲРУ 2: Бартарафкунии гуруснагӣ; ҲРУ 8: Кори шоиста ва рушди иқтисодӣ; ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор
Боздид аз платформаи савдо

ДИГАР ЛОИҲАҲО