Агро-калкуляторҳо – Neksigol Navovar

1 Хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣВеб-барнома

Агро-калкуляторҳо

Бо истифода аз моделҳои кишоварзӣ, агрокалкуляторҳо миқдори тухмӣ/кӯчат, нуриҳо ва обро барои парвариши зироати интихобшуда дар майдони андозааш додашуда ҳисоб мекунанд.

Намуд Ҳалли рақамӣ
Ташкилот Гурӯҳи ширкатҳои «Нексигол» (Нексигол Навовар барои таҳияи барномавӣ ва Нексигол Мушовир барои мушовараи техникӣ дар қисми агрономӣ масъул аст) ва ҶДММ «АгроИнформАзия»
Намуди ташкилот Консорсиуми шарикон
Давлат / Қаламрав Тоҷикистон, Қирғизистон
Ҷойгиршавӣ Хуҷанд, Бишкек
Амалӣ шудааст, дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистан, Қазоқистон, Федератсияи Россия
Пайванд https://calculators.agroinform.asia
Доираи истифодабарӣ Кишоварзии устувор (Кишоварзи сабз)
Домен Саломатӣ ва истеҳсолоти растаниҳо; Идоракунии хок; Идоракунии об
Тавсиф Бо истифода аз моделҳои кишоварзӣ, агрокалкуляторҳо миқдори тухмӣ/кӯчат, нуриҳо ва обро барои парвариши зироати интихобшуда дар майдони андозааш додашуда ҳисоб мекунанд. Айни замон, агрокалкуляторҳо миқдори маҳдуди зироатҳоро, аз қабили бодиринг, помидор, карам, сабзӣ, боимҷон ва шалғамчаро фаро гирифтаанд.
Амалӣ шудааст, аз соли 2019
Камолият Дар бозор қабулшавӣ (валидатсия)
Дар ҳамкорӣ бо Не
Технология Платформаҳои рақамӣ (онлайн форумҳо, порталҳо); Замимаи мобилӣ
Тавсифи технология Агрокалкуляторҳо дар намуди веб-платформа таҳия шудаанд ва моделҳои кишоварзиро барои ҳисоб кардани миқдори тухмиҳо/кӯчатҳо, нуриҳо ва оби обёрӣ барои ҳар як зироат истифода мебарад.
Агрокалкуляторҳоро бо забонҳои Тоҷикӣ, Қирғизӣ, Русӣ ва Англисӣ истифода бурдан мумкин аст.
Инчунин, агрокалкуляторҳо дар замимаҳои мобилӣ барои агробизнес "Аз А то Я" пайваст карда шудаанд.
Истифодабарандагон Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ҳоҷагии деҳқонии миёна; Ҳоҷагии деҳқонии калон; Бахши хусусӣ (дигар бизнесҳо); Агрономони саҳроӣ; Машваратчиёни деҳа
Тавсифи истифодабарандагон Истифодабарандагон - деҳқонон ва машваратчиёни кишоварзӣ мебошанд.
Бизнес модел Манбаи кушода; Пурра ройгон; Реклама
Тавсифи бизнес модел Агрокалкуляторҳо - манбаи кушодаасос мебошад ва ҳар кас метавонад онро ройгон истифода барад. Ҳарчанд, дар веб-платформа ду намуди in-app реклама ҷорӣ карда шудаанд: Google Ads ва модули худ барои намоиши реклама дар бораи тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо ва ғ. Арзиши реклама $5 дар як моҳ ё $25 дар як сол аст.
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо Агрокалькуляторҳо миқдори маҳдуди зироатҳоро фаро гирифтаанд. Ғайр аз ин, барои ҳар кадоми ин зироатхо моделҳои илмии обёрӣ ва нуридиҳиро дар ҳамкорӣ тадқиқотчиёни пуртаҷриба кор карда баромадан лозим аст.
Марҳилаи занҷираи арзиш Истеҳсолот
Таъсирот Бо ёрӣ додан ба деҳқонон дар ҳисобкунии миқдори лозимаи тухмӣ, нурӣ ва оби обёрӣ, агрокалкуляторҳо истифодаи зиёдатӣ ва исрофкориро пешгирӣ карда метавонанд. Ин ба деҳқонон кӯмак мекунад, ки хароҷоти истеҳсолотро ба таври назаррас кам кунанду фоидаро афзоиш диҳанд ва ҳамзамон таъсири истеҳсолоти кишоварзиро ба муҳити зист паст намоянд.
Ҳар сол зиёда аз 3 000 нафар агрокалкуляторҳоро истифода мебаранд.
ҲРУ ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор; ҲРУ 12: Истеъмол ва истеҳсолоти масъул; ҲРУ 15: Ҳифзи экосистемаҳои заминӣ
Боздид аз агро-калкуляторҳо

ДИГАР ЛОИҲАҲО