e-Agri-Map – харитаи электронии кишоварзӣ – Neksigol Navovar

1 Хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣGISGPSВеб-барнома

e-Agri-Map – харитаи электронии кишоварзӣ

Харитаи электронии кишоварзӣ низоми ҷуғрофии иттилоотӣ мебошад, ки дар навбати аввал барои пур кардани баъзе холигии муҳим дар маълумот оид ба таҳлили марбут ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишоварзӣ, таназзули замин, амнияти озуқаворӣ, моддаҳои ғизои хок ва таъсири тағйирёбии иқлим сохта шудааст.

Бо табдил додани миқдори зиёди маълумоти ибтидоӣ ба шакли қулай ва интерактивӣ, харитаи кишоварзӣ ба истифодабарандагон барои қабул кардани қарорҳо оид ба истеҳсол, таҳвил, фурӯш ва содироти маҳсулоти мушаххас маълумот медиҳад. Низом маълумотро дар шакли ҷадвалҳо, графикҳо ва харитаҳо дар бар мегирад ва инчунин ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки аз рӯи зироатҳо ва минтақаҳо дархостҳо тартиб диҳанд.

Намуд Ҳалли рақамӣ
Ташкилот Гурӯҳи ширкатҳои «Нексигол» (Нексигол Навовар барои таҳияи барномавӣ ва Нексигол Мушовир барои мушовараи техникӣ дар қисми агрономӣ масъул аст) ва ҶДММ «АгроИнформАзия»
Намуди ташкилот Консорсиуми шарикон
Давлат / Қаламрав Тоҷикистон, Қирғизистон
Ҷойгиршавӣ Хуҷанд, Бишкек
Амалӣ шудааст, дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия (танҳо як вилоят барои санҷиш)
Пайванд https://maps.agroinform.asia
Доираи истифодабарӣ Ташаккули иқтидор ва тавонмандсозӣ; Идоракунӣ (Чорчӯбаи меъёрӣ)
Домен Саломатӣ ва истеҳсолоти растаниҳо; Чорводорӣ, саломатӣ ва истеҳсолоти чорво; Занбурпарварӣ; Коркарди маҳсулоти ғизоӣ; Идоракунии хок
Тавсиф Харитаи кишоварзӣ барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳлил ва пешниҳоди маълумот оид ба истеҳсоли зироатҳо, майдони кишт, ҳосилнокӣ, нишондиҳандаҳои ҳосилхезии хок, инчунин корхонаҳои кишоварзӣ ва роҳҳои нақлиётӣ барои содирот ва воридот пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, ки ин маълумоти муфид барои нишон додани истеҳсолоти кишоварзӣ қадам ба қадам ба махзани харита ворид карда шавад. Айни замон, дар махзани харита маълумот оид ба истеҳсолоти 35 намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи ноҳия аз соли 2012 ҷамъ оварда шудааст.
Бо табдилдиҳии миқдори зиёди маълумоти хом ба шакли барои таҳлилу корбарӣ осон ва интерактивӣ, харитаи кишоварзӣ ба истифодабарандагон дар қабули қарорҳои дурусти сармоягузорӣ, ба нақшагирии истеҳсол ва коркарди маҳсулот ва ташкили самараноки ҷамъоварии ҳосил кӯмак мекунад.
Харита соли 2014 аз ҷониби консорсиуми Нексигол ва AгроИнформАзия бо дастгирии техникии БРСММ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ» таҳия шудааст.
Амалӣ шудааст, аз соли 2014
Камолият Исботшуда (васеъшавӣ)
Дар ҳамкорӣ бо БРСММ
Технология Платформаҳои рақамӣ (онлайн форумҳо, порталҳо); GPS; GIS
Тавсифи технология Харитаи кишоварзӣ - ин веб-платформа аст, ки маълумотро дар шакли ҷадвалҳо, графикҳо ва харитаҳо пешниҳод мекунад ва ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки дархостҳоро бо ишондиҳандаҳои умумӣ ба монанди зироатҳо, минтақаҳо ва ғ. иҷро намоянд. Харита ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки қабатҳои интихобшудаи харитаҳо, графикҳо, ҷадвалҳо ва ғайраро сабт намоянд. GPS барои муайян кардани ҷойгиршавии дақиқи корхонаҳои коркард, анборҳо, гармхонаҳо, мағозаҳои кишоварзӣ ва ғ. истифода мешавад ва маълумоти ҷамъшуда дар харита бо истифода аз барномаи GIS ҷойгир карда мешавад.
Харитаҳо бо забонҳои Тоҷикӣ, Қирғизӣ, Русӣ ва Англисӣ дастрасанд.
Истифодабарандагон Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ҳоҷагии деҳқонии миёна; Ҳоҷагии деҳқонии калон; Бахши хусусӣ (дигар бизнесҳо); Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒТ, гурӯҳҳои ташаббускори маҳаллӣ); Академия ва муассисахои илмӣ; Бахши давлатӣ
Тавсифи истифодабарандагон Харитаи кишоварзӣ ба ҳамкории иштирокчиёни гуногуни занҷири арзиши кишоварзӣ тавассути дастрасӣ ба маълумот барои қабули қарорҳо ва маълумот барои тамос мусоидат менамояд. Деҳқонон ва дигар корхонаҳое, ки бо банақшагирии стеҳсолоти кишоварзӣ машғуланд, метавонанд тамоюли истеҳсоли ин ё он зироатро дар сатҳи ноҳия, вилоят ё кишвар таҳлил намуда, дар бораи парвариши зироати интихобшуда дар соли ҷорӣ қарор қабул кунанд.
Бизнес модел Манбаи кушода; Пурра ройгон; Реклама
Тавсифи бизнес модел Веб-платформа - манбаи кушодаасос мебошанд, аз ин рӯ, дастрасӣ ба маълумотҳои харита низ низ ройгон аст. Ҳарчанд, дар веб-платформа ду намуди in-app реклама ҷорӣ карда шудаанд: Google Ads ва модули худ барои намоиши реклама дар бораи тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо ва ғ. Арзиши реклама $10 дар як моҳ ё $50 дар як сол аст.
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо Маълумоти харитаи Тоҷикистон дар бораи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, майдонҳои кишт, ҳосилнокӣ, нишондиҳандаҳои ҳосилхезии хок, инчунин корхонаҳои кишоварзӣ ва роҳҳои нақлиётӣ барои содироту воридот бояд актуалӣ карда шавад.
Бо алоқаи маҳдуди интернет ва сатҳи пасти саводнокии рақамӣ, истифодаи харита аз ҷониби деҳқонон барои қабули қарорҳо дастнорас боқӣ мемонад.
Марҳилаи занҷираи арзиш Истеҳсолот; Коркарди баъди ҷамъоварии ҳосил ва якҷоякунӣ; Коркард; Тақсимот (яклухт ва чакана)
Таъсирот Харитаи электронии кишоварзӣ барои аз байн бурдани холигии маълумоти зарурӣ барои таҳлили марбут ба иқтисодиёти кишоварзӣ, таназзули замин, амнияти озуқаворӣ, таҳқиқоти низомҳои кишоварзӣ, сатҳи моддаҳо ғизоии хок ва таъсири тағирёбии иқлим тарҳрезӣ шудааст.
Зиёда аз 500 нафар мутахассисон аз кишварҳои гуногун ҳар моҳ ин низомро барои ҳалли вазифаҳои худ истифода мебаранд.
ҲРУ ҲРУ 1: Барҳамдиҳии камбизоатӣ; ҲРУ 2: Бартарафкунии гуруснагӣ; ҲРУ 8: Кори шоиста ва рушди иқтисодӣ; ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор; ҲРУ 15: Ҳифзи экосистемаҳои заминӣ
Боздид аз харитаи кишоварзӣ

ДИГАР ЛОИҲАҲО