Bai Tushum "Marketplace" - Neksigol Navovar

Веб-барнома

Bai Tushum “Marketplace”

Платформаи тиҷорати электронӣ барои Бонки Бай Тушуми Қирғизистон воситаи ҳамкориҳои B2B ва B2C мебошад, ки дар якҷоягӣ аз ҷониби Бонки Бай Тушум, Агроинформи Қирғизистон ва Нексигол Навовар аз Тоҷикистон таҳия шудааст. Он ба зиёд шудани шумораи муштариёни бонк кӯмак мерасонад ва мизоҷони нав ва эҳтимолиро бо пешниҳоди маълумоти муфид барои тиҷорати худ ва дастрасӣ ба хидматҳои молиявӣ ҷалб мекунад. Платформа ба мустаҳкам намудани шабакаҳои тиҷоратӣ тавассути муттаҳид кардани корхонаҳои хурд ва миёна ëрӣ мерасонад, ки  ин корхонаҳо метавонанд истеҳсолкунанда ё истеъмолкунандаи мол ва хидматҳои якдигар бошанд. Платформа ҳамчун бозори онлайнӣ барои тиҷорати хурду миёна фаъолият намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки маҳсулоти худро зудтар ва осонтар фурӯшанд ё харанд. Платформа инчунин хидматҳои молиявии онлайнии Бонкро, ба монанди кафолати бонкӣ, пардохтҳои электронӣ ва коркарди дархостҳои қарзиро пешниҳод мекунад. Ҳамин тариқ, платформа ҳамчун воситаи рушди соҳибкорӣ барои фаъолияти Бонки Бай Тушум низ хизмат мекунад.

Ба сомонаи Бонки Бай Тушум гузаред
Marketplace воситаҳои технологии зеринро дар бар мегирад:

- Майдони савдои электронӣ
- Молия – хизматрасониҳои молиявии Бонки Бай Тушум
- Китобхонаи электронӣ – маводҳои электронӣ
- Маълумот – маълумотҳои ширкатҳо аз рӯӣ хизматрасонӣ ва категорияҳо
- Омӯзиш – платформаи гузаронидани онлайн вебинарҳо