Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" - Neksigol Navovar

Веб-сомона

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2019 ҳамчун минтақаи маҳдуди ш. Хуҷанд бо мақоми махсуси ҳуқуқӣ ва имтиёзҳои иқтисодӣ барои доираҳои соҳибкориву сармоягузории ватаниву хориҷӣ ташкил карда шудааст. МОИ «Суғд» шакли истеҳсолӣ-инноватсионӣ буда, бо масоҳати умумии 320 га ба мӯҳлати 25 сол таъсис дода шудааст.

Дар ҳудуди МОИ “Суғд” низоми махсуси гумрукӣ ва андоз, инчунин тартиби соддакардашудаи бақайдгирии субъектҳо (корхонаҳо) амал мекунанд. Дахолати мақомотҳои давлатӣ ба фаъолияти молиявиву хоҷагидории субъектҳо, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, манъ карда шудааст.

Ба сомонаи минтақаи озоди иқтисодии Суғд гузаред