2 Барномаҳои таҳияшуда дар асоси фармоишAPIВеб-барномаЗамимаи мобилӣСМС
Низоми электронии омори нархҳо
Мақсади асосии таҳия ва татбиқи низоми иттилоотии нархҳо ин татбиқи амалии имкониятҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва усулҳои иқтисодию математикӣ барои пурра ва босифат қонеъ кардани ниёзҳои гурӯҳҳои мақсаднок ба иттилооти оморӣ дар бораи нархҳои бозор бо хароҷоти минималӣ мебошад. Низом ба Агентии омор кӯмак мекунад, ки нархҳои бозорро бо истифодаи замимаи мобилӣ самаранок ва зуд ҷамъ оварад, нархҳои бозорро таҳлил ва пайгирӣ кунад ва онҳоро байни муштариёни потенсиалӣ тавассути СМС ва API каналҳо паҳн кунад.
Ном | Низоми электронии омори нархҳо |
Намуд | Ҳалли рақамӣ |
Ташкилот | Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Намуди ташкилот | Муассисаи марказии давлатӣ |
Давлат / Қаламрав | Тоҷикистон |
Ҷойгиршавӣ | Душанбе |
Амалӣ шудааст, дар | Тоҷикистон |
Пайванд |
http://ris.stat.tj https://www.stat.tj/tj/international-cooperation |
Доираи истифодабарӣ | Идоракунӣ (Чорчӯбаи меъёрӣ); Дастрасӣ ба бозор |
Домен | Омор |
Тавсиф | Агентии омор дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» бо дастгирии техникӣ ва молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» раванди ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн намудани нархҳои маҳсулоти кишоварзиро навсозӣ кард. Раванди ҷамъоварии нархҳои ҳафтаина аз 22 шаҳру навоҳии кишвар автоматӣ шуда, тавассути механизми СМС- паёмҳо паҳнкунии маълумот ба роҳ монда шудааст. |
Амалӣ шудааст, аз соли | 2018 |
Камолият | Марҳилаҳои ибтидоӣ (идея) |
Дар ҳамкорӣ бо | Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ва Бонки ҷаҳонӣ |
Технология | Платформаҳои рақамӣ (онлайн форумҳо, порталҳо); Замимаи мобилӣ; СМС; API |
Тавсифи технология | Низоми электронии омори нархҳо аз веб-платформаи мониторинг ва идоракунии додаҳо, коркард ва ҳисоботдиҳӣ, замимаи мобилӣ барои ҷамъоварии маълумот; ва модул барои паҳн кардани маълумоти нархҳо тавассути СМС-паёмҳо ва API канал иборат аст. |
Истифодабарандагон | Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ҳоҷагии деҳқонии миёна; Ҳоҷагии деҳқонии калон; Бахши давлатӣ; Бахши хусусӣ (дигар бизнесҳо); Академия ва муассисахои илмӣ; Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒТ, гурӯҳҳои ташаббускори маҳаллӣ) |
Тавсифи истифодабарандагон | Истифодабарандагон барои гирифтани маълумоти нархҳо тавассути СМС деҳқонҳо ва дигар корхонаҳо мебошанд. Қарор қабулкунандагони сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ метавонанд маълумоти нархиро барои қабули қарорҳои асоснок истифода баранд. Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶ, гурӯҳҳои ташаббускори маҳаллӣ) метавонанд ба веб-платформа обуна шаванд ва дастрасӣ пайдо кунанд, то иттилоотро ба гурӯҳҳои мақсадноки худ тавассути СМС паҳн кунанд. |
Бизнес модел | Freemium (ройгон ва пулакӣ) |
Тавсифи бизнес модел | Дастрасӣ ба маълумоти нархҳо дар вебсайти Агентии омор ройгон аст, гирифтани маълумот тавассути СМС хизматрасонии пулакӣ мебошад, аммо то ҳол тарофаҳо аз ҷониби Агентӣ тартиб дода нашудаанд. |
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо | Низоми мазкур қисман аз он сабаб истифода мешавад, ки Агентӣ барои нигоҳдорӣ ва рушди минбаъда захираҳои молиявӣ надорад. |
Марҳилаи занҷираи арзиш | Тақсимот (яклухт ва чакана) |
Таъсирот | Низоми электронии нархҳо метавонад ба инкишофи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Агентии омор ва як қатор шабакаҳои хусусии хизматрасонӣ ҷиҳати расонидани иттилооти бозорӣ ба деҳқонон ва агробизнес тавассути СМС мусоидат намояд. |
ҲРУ | ҲРУ 8: Кори шоиста ва рушди иқтисодӣ; ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор |
Низоми электронии омори нархҳо