1 Хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣAPIВеб-барномаЗамимаи мобилӣМессенҷерҳоСМС
Низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо
Низом дастрасиро ба маҳзани нархҳои зиёда аз 100 номгӯй, аз ҷумла маҳсулоти хӯрока, маҳсулоти кишоварзӣ, воситаҳои истеҳсолӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ (аз қабили сӯзишворӣ, меъёрҳои музди меҳнати Мардикорони боихтисос ва беихтисос ва ғ.) дар 15 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва маълумот оид ба нархҳои 60 намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар 5 шаҳри Қирғизистон фароҳам меорад.
Низом функсияҳои таҳлил ва ҳисоботдиҳиро пешкаш мекунад, ки ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки нархҳои лозимаро зуд аз назар гузаронанд, байни маҳсулот/бозорҳо/силсилаи вақт муқоисаҳо намоянд, диаграммаҳо, маълумот ва омори асосиро ба монанди нархҳои миёна, тағирёбии фоиз ва ғ. сабт кунанд.
Намуд | Ҳалли рақамӣ |
Ташкилот | Гурӯҳи ширкатҳои «Нексигол» (Нексигол Навовар барои таҳияи барномавӣ ва Нексигол Мушовир барои мушовараи техникӣ дар қисми агрономӣ масъул аст) ва ҶДММ «АгроИнформАзия» |
Намуди ташкилот | Консорсиуми шарикон |
Давлат / Қаламрав | Тоҷикистон, Қирғизистон |
Ҷойгиршавӣ | Хуҷанд, Бишкек |
Амалӣ шудааст, дар | Тоҷикистон, Қирғизистон |
Пайванд | https://prices.agroinform.asia |
Доираи истифодабарӣ |
Дастрасӣ ба бозор |
Домен | Омор |
Тавсиф |
Низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо соли 2010 аз ҷониби Нексигол бо дастгирии техникии БРСММ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо» ва ҲЕЛВЕТАС дар доираи лоиҳаи «Рушди бозори маҳаллӣ» амалӣ карда шуда, аз соли 2016 пурра аз ҷониби Нексигол нигоҳдорӣ ва идора карда мешавад. Низом дастрасиро ба маҳзани нархҳои зиёда аз 100 номгӯй, аз ҷумла маҳсулоти хӯрока, маҳсулоти кишоварзӣ, воситаҳои истеҳсолӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ (аз қабили сӯзишворӣ, меъёрҳои музди меҳнати Мардикорони боихтисос ва беихтисос ва ғ.) дар 15 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон фароҳам меорад. Дар соли 2015 дар доираи шарикии Нексигол ва АгроИнформАзия фарогирӣ ба Қирғизистон васеъ карда шуд ва маълумот оид ба нархҳои 60 намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар 5 шаҳри Қирғизистон дастрас гардид. Дар Тоҷикистон маълумот оди нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ ҳар ҳафта дар бозорҳои чакана тавассути шабакаи интервюерони саҳроӣ ва барои воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ ҳар моҳ аз мағозаҳои кишоварзӣ ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар Қирғизистон маълумоти нархҳо ҳар моҳ аз Кумитаи миллии омор ҷамъоварӣ карда мешавад. Низом функсияҳои таҳлил ва ҳисоботдиҳиро пешкаш мекунад, ки ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки нархҳои лозимаро зуд аз назар гузаронанд, байни маҳсулот/бозорҳо/силсилаи вақт муқоисаҳо намоянд, диаграммаҳо, маълумот ва омори асосиро ба монанди нархҳои миёна, тағирёбии фоиз ва ғ.сабт кунанд. |
Амалӣ шудааст, аз соли | 2010 |
Камолият | Исботшуда (васеъшавӣ) |
Дар ҳамкорӣ бо | БРСММ; ҲЕЛВЕТАС |
Технология | Платформаҳои рақамӣ (онлайн форумҳо, порталҳо); Алоқаи рақамӣ (почтаи электронӣ, мессенҷерҳо/паёмнависии фаврӣ); Маркази тамос; API (Application Programming Interface) |
Тавсифи технология |
Интервюерони саҳроӣ маълумотро бо истифода аз планшетҳо тавассути саволномаи электронии насбшуда дар асоси платформаи Kobo ҷамъ мекунанд. Гузариш аз шакли коғазӣ ба саволномаҳои электронӣ сарбории интервюеронро коҳиш дод ва сифати маълумот, ҳисоботдиҳӣ ва самаранокиро беҳтар кард. Барои ҷамъоварии дақиқтарин нархҳо, интервюерони саҳроӣ аз ҳар як қатори тамоми бозор гузашта, нархи миёнаи молҳои аз якчанд фурӯшандагон пурсидашударо сабт мекунанд, хатти ҳаракати онҳо бояд тамоми бозорро фаро гирад. Нархҳои маҳсулотҳое, ки ба миқдори зиёд фурӯхта мешаванд, ҷамъоварӣ карда мешаванд ва нархҳои маҳсулотҳое, ки бо нархҳои махсус фурӯхта мешаванд, ба ҷамъоварии маълумот дохил карда намешаванд. Илова бар ин, барои маҳсулоти навъҳо ва сифатҳои гуногун аз брендҳо ё ширкатҳои гуногун, нархҳо барои маҳсулоте ҷамъоварӣ карда мешаванд, ки харидорон бештар мехаранд. Барои таҳлил ва паҳни маълумоти нархҳо, технологияҳои пешрафтаи истифода мешаванд. Маълумот тавассути веб--платформа, замимаи мобилӣ барои сматфонҳои Андроид, СМС-паёмҳо, мессенҷерҳо ва API-пайвастҳо дастрас аст. Низом метавонад ҳисоботҳои ҳафтаина, моҳона ва семоҳаи бозорро ба таври нимаавтоматӣ таҳия намояд. Маълумотҳо ба забонҳои Тоҷикӣ, Қирғизӣ, Русӣ ва Англисӣ дастрас мебошанд. |
Истифодабарандагон | Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ҳоҷагии деҳқонии миёна; Ҳоҷагии деҳқонии калон; Бахши хусусӣ; Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒТ, гурӯҳҳои ташаббускори маҳаллӣ); Академия ва муассисахои илмӣ; Бахши давлатӣ; Истеъмолкунандагони озуқаворӣ |
Тавсифи истифодабарандагон |
Бо пешниҳоди маълумот оиди нархҳо, низом ба деҳқонон ва дигар корхонаҳо, аз қабили таъминкунандагони маводҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, содиркунандагон ва ғ кӯмак мекунад, ки тиҷорати худро ба нақша гиранд ва қарорҳои оқилона қабул кунанд. Илова бар ин, ҳисоботи нархҳо аз ҷониби доираи васеи муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои академӣ ва ВАО барои таҳияи таҳлилҳо ва гузоришдиҳӣ истифода мешаванд. Илова бар ин, барномаҳои дигар метавонанд тавассути API ба ин низом пайваст шаванд, то маълумоти нархҳоро дастрас кунанд. Масалан, барномаи CLARA (Хизмати рақамӣ барои таҳлили қобилияти адои қарзи мизоҷони кишоварзӣ дар асоси гардиши пули БҚИТ ) маълумотро дар бораи нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва воситаҳои истеҳсолӣ мегирад ва онҳоро барои ҳисоб кардани пешгӯиҳо барои хоҷагиҳо истифода мебарад. |
Бизнес модел | Манбаи кушода; Пурра ройгон; Реклама; Обунаи муқаррарӣ |
Тавсифи бизнес модел |
Веб-платформа ва замимаи мобилӣ барои смартфони Андроид барномаҳои кушодаасос мебошанд ва маълумот оиди нархҳо низ дар онҳо ройгон дастрас аст. Ҳарчанд, дар веб-платформа ва замимаи мобилӣ ду намуди in-app реклама ҷорӣ карда шудаанд: Google Ads ва модули худ барои намоиши реклама дар бораи тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо ва ғ. Арзиши реклама $10 дар як моҳ ё $50 дар як сол аст. Дастрасӣ ба маълумоти нархҳо тавассути СМС-бастаҳо ва API-пайвастҳо дар асоси обуна таъмин карда мешавад. Арзиш аз миқдори маҳсулотҳо, минтақаҳо ва мӯҳлатҳои интихобшуда ва ғ. вобаста аст. Инчунин, вобаста ба давомнокии обуна тахфифҳои афзуншаванда пешниҳод карда мешаванд. |
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо |
Эҳтиёҷоти асосии қонеънашуда маълумотро дар бораи нархҳои яклухти маҳсулоти кишоварзӣ дар бар мегирад, то деҳқонон имконияти бештари гуфтушунид пайдо намоянд ва дигар корхонаҳо, аз қабили корхонаҳои коркард, содиркунандагон ва ғ., қарорҳои оқилона қабул кунанд. Инчунин, таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолӣ омода нестанд, ки маълумотро дар бораи нархи моли худ барои нашр дар онлайн манбаъҳо пешниҳод кунанд. Илова бар ин, аз сабаби дастрас набудани баъзе воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ дар кишвар, яъне аксар вақт дар фурӯш набудани бисьёр воситаҳои истеҳсолӣ, ҷамъоварии маълумот дар бораи нархҳои воситаҳои истеҳсолӣ на вама вақт имконпазир аст. |
Марҳилаи занҷираи арзиш | Истеҳсолот; Тақсимот (яклухт ва чакана) |
Таъсирот |
Низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо як воситаи муҳими мониторинги дараҷаи тағирёбии нархҳо, фаҳмидани тағирот дар мавҷудият ва дастрасии молҳои асосӣ ва дастгирии ҳисоботдиҳӣ ва қабули қарорҳо гардидааст. Маълумоти нархҳо аз ҷониби доираи васеи ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои академӣ ва ВАО истифода мешавад. Ҳар сол зиёда аз 3 000 нафар истифодабарандагон аз низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо истифода мебаранд. |
ҲРУ | ҲРУ 1: Барҳамдиҳии камбизоатӣ; ҲРУ 2: Бартарафкунии гуруснагӣ; ҲРУ 8: Кори шоиста ва рушди иқтисодӣ; ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор |