Замимаи мобилӣ барои ангурпарварон – Neksigol Navovar

1 Хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣAPIЗамимаи мобилӣ

Замимаи мобилӣ барои ангурпарварон

Замима барои ангурпарварон - як қисми замимаҳои мобилӣ мебошад, ки дастрасӣ ба дониш ва дигар хизматрасониҳо барои беҳтар кардани таҷрибаи парвариши ангур ва роҳнамоӣ аз дарёфти тухмӣ то ҷамъоварии ҳосил таъмин мекунанд.

Намуд Ҳалли рақамӣ
Ташкилот Гурӯҳи ширкатҳои «Нексигол» (Нексигол Навовар барои таҳияи барномавӣ ва Нексигол Мушовир барои мушовараи техникӣ дар қисми агрономӣ масъул аст) ва ҶДММ «АгроИнформАзия»
Намуди ташкилот Консорсиуми шарикон
Давлат / Қаламрав Тоҷикистон, Қирғизистон
Ҷойгиршавӣ Хуҷанд, Бишкек
Амалӣ шудааст, дар Тоҷикистон, Қирғизистон
Пайванд https://apps.agroinform.asia/tj/vineyard/index.html
https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.agroinform.vineyard&hl=ru&gl=US
Доираи истифодабарӣ Ташаккули иқтидор ва тавонмандсозӣ; Паҳни дониши кишоварзӣ ва хизм-ҳои машваратӣ
Домен Саломатӣ ва истеҳсолоти растаниҳо
Тавсиф Замимаи ба осонӣ истифодашаванда кори на танҳо деҳқонон ва мушовирони касбӣ, балки соҳибкорони навкорро низ осон мекунад. Дар замима маълумот дар бораи ниҳолҳои ангур, сифати хок ва ҳосилхезӣ, идоракунии моддаҳои ғизодиҳандаи хок, касалиҳо ва ҳашароти зараррасони дар минтақа мавҷуда, усулҳои гуногуни муҳофизат аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо, алафҳои бегона, аз ҷумла муҳофизат биологӣ маълумот пешниҳод менамояд ва ба истеҳсолоти кишоварзии устувор диққати махсус медиҳад. Ин барнома ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки бевосита бо таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва дигар харидорони маҳсулоти кишоварзӣ дар тамос шаванд. Функсияҳо барои гирифтани маълумот оиди пешгӯии обу ҳаво ва нархҳои бозор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон низ вуҷуд доранд.
Амалӣ шудааст, аз соли 2016
Камолият Исботшуда (васеъшавӣ)
Дар ҳамкорӣ бо Не
Технология Замимаи мобилӣ; API (Application Programming Interface)
Тавсифи технология Замимаи мобилӣ барои ангурпарварон барои смартфонҳо ва планшетҳои Андроид бо забонҳои Тоҷикӣ, Қирғизӣ, Русӣ ва Англисӣ дастрас аст. Гузариш байни забонҳо дар оффлайн имконпазир аст. Барои таҳияи мӯҳтавои замима консорсиуми Нексигол ва АгроИнформАзия бо мутахассисони ботаҷтиба, ки хусусиятҳои зироаткориро дар минтақа медонанд, ҳамкорӣ кардааст. Инчунин, дар замима маълумот дар бораи таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ ва харидорони маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам актуалӣ карда мешавад. Илова бар ин, замима ба низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо тавассути API пайваст мешавад, то ба нархҳои бозор дастрасӣ пайдо кунад.
Истифодабарандагон Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ҳоҷагии деҳқонии миёна; Бахши хусусӣ (дигар бизнесҳо); Агрономони саҳроӣ; Машваратчиёни деҳа; Таъминкунандагони маводҳои кишоварзӣ; агро-мағозаҳо; Харидорони маҳсулотҳои кишоварзӣ
Тавсифи истифодабарандагон Истифодабарандагони мақсадноки замимаи мобилӣ асосан деҳқонон ва агрономони саҳроӣ/машваратчиёни деҳа мебошанд. Инчунин, истифодабарандагони замима таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ, ширкатҳои савдо ва корхонаҳои коркард мебошанд, зеро онҳо метавонанд ин замимаро ҳамчун канали иловагӣ барои реклама, фурӯши воситаҳои кишоварзӣ ва хариди ашёи хоми кишоварзӣ истифода баранд. Замима барои паҳншавии васеъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон имконият дорад, зеро он ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шудааст.
Бизнес модел Пурра ройгон; Реклама
Тавсифи бизнес модел Замимаро ба телефонҳои мобилӣ тавассути Google Play Store ё вебсайти барнома ройгон зеркашӣ ва истифода бурдан мумкин аст. Ҳарчанд, дар замима ду намуди in-app реклама ҷорӣ карда шудаанд: Google Ads ва модули худ барои намоиши реклама дар бораи тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо ва ғ. Арзиши реклама $5 дар як моҳ ё $25 дар як сол аст.
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо Ин замима танҳо истеҳсоли ангурро фаро мекунад, аммо аз ҷониби деҳқонон барои илова кардани маълумот оиди ба меваҳои асосии дар кишвар истеҳсолшаванда талаботи зиёд аст. Инчунин, замима бояд бо маълумот дар бораи ҳашароти зараррасон ва касалиҳои нав ва усулхои мукаммали муҳофизати растаниҳо пурра карда шавад. Илова бар ин, мӯҳтавои замимаҳо бояд мунтазам бо донишҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок дар бораи таҷрибаҳои хуби агротехникӣ актуалӣ карда шавад.
Марҳилаи занҷираи арзиш Истеҳсолот; Коркарди баъди ҷамъоварии ҳосил ва якҷоякунӣ; Коркард; Тақсимот
Таъсирот Замимаҳои мобилӣ барои ангурпарварон ба деҳқонон дар қабули қарорҳои самаранок ва истеҳсолоти устувор кӯмак мекунад ва ба ин васила метавонад ба паҳншавии таҷрибаҳо ва усулҳои беҳтари кишоварзӣ, ба даст овардани ҳосили баланд ва устувории кишоварзӣ саҳм гузоранд.
Дар айни замон замимаро беш аз 20 000 истифодабарандагон зеркашӣ кардаанд.
ҲРУ ҲРУ 1: Барҳамдиҳии камбизоатӣ; ҲРУ 2: Бартарафкунии гуруснагӣ; ҲРУ 8: Кори шоиста ва рушди иқтисодӣ; ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор
Насби замимаи мобилӣ барои ангурпарварон

ДИГАР ЛОИҲАҲО