
1 Хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣAPIЗамимаи мобилӣ
Замимаи мобилӣ барои занбӯриасалпарварон
Замимаи мобилӣ барои занбӯриасалпарварон ба соҳибокорони навкор кӯмак мекунад, ки дар бораи равандҳои технологии истеҳсол ва ҷамъоварии асал маълумот гиранд. Бо замимаи осон истифодашаванда занбӯриасалпарварон метавонанд дар бораи биологияи занбӯри асал, зотҳо, тухмгузорӣ, зимистонгузаронии занбӯр, интихоби асал ва дигар маълумоти барои кор зарурӣ пайдо кунанд.
Намуд | Ҳалли рақамӣ |
Ташкилот | Гурӯҳи ширкатҳои «Нексигол» (Нексигол Навовар барои таҳияи барномавӣ ва Нексигол Мушовир барои мушовараи техникӣ дар қисми агрономӣ масъул аст) ва ҶДММ «АгроИнформАзия» |
Намуди ташкилот | Консорсиуми шарикон |
Давлат / Қаламрав | Тоҷикистон, Қирғизистон |
Ҷойгиршавӣ | Хуҷанд, Бишкек |
Амалӣ шудааст, дар | Тоҷикистон, Қирғизистон |
Пайванд |
https://apps.agroinform.asia/texcarta/index.html https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.agroinform.technokarta&hl=ru&gl=US |
Доираи истифодабарӣ | Ташаккули иқтидор ва тавонмандсозӣ; Паҳни дониши кишоварзӣ ва хизматрасониҳои машваратӣ; Идоракунии хоҷагиҳо |
Домен | Занбурпарварӣ |
Тавсиф |
Махсусан бахш оид ба касалиҳои маъмули занбӯри асал ва роҳҳои пешгирӣ ва табобати онҳо муфид аст. Замима инчунин ба истифодабарандагн имкон медиҳад, ки тавассути рӯйхати тамосҳо мустақиман бо мутахассиси соҳа тамос гиранд. Дар бахши «Харитаи технологӣ»-и замима занбӯрпарвар метавонанд хароҷоти молиявӣ ва вақти сарфшударо барои фаъолият ба таври оффлайн сабт намояд, инчунин даромади аз фурӯши асал ва дигар маҳсулоти занбӯри асал бадастомадаро таҳлил намояд. Ин барнома дар соли 2020 аз ҷониби консорсиуми Нексигол ва АгроИнформАзиа бо дастгирии техникии БРСММ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ» таҳия шудааст. |
Амалӣ шудааст, аз соли | 2020 |
Камолият | Дар бозор қабулшавӣ (валидатсия) |
Дар ҳамкорӣ бо | БРСММ |
Технология | Замимаи мобилӣ |
Тавсифи технология | Замимаи мобилӣ барои занбӯриасалпарварон аз ҷониби тими муҳандисони Нексигол дар ҳамкорӣ бо мутахассисони техникии АгроИнформАзиа таҳия шудааст. Он барои смартфонҳо ва планшетҳои Андроид бо якчанд забон - Қирғизӣ, Русӣ ва Англисӣ дастрас аст. Гузариш байни забонҳо оффлайн имконпазир аст. Барои истифодабарандагони бақайдгирифташуда функсияи "Харитаи технологӣ" ҷорӣ карда шудааст, то онҳо тавонанд маълумоти истеҳсолоти худро сабт намуда, дар асоси таҳлили онҳо қарорҳои оқилона қабул намоянд. Замима маълумот дар бораи нигоҳубини занбӯриасалро мувофиқи раванди солонаи технологӣ, ки аз ҷониби коршиносон тафтиш шудааст, пешниҳод мекунад. AгроИнформАзия бо мутахассисони хизматрасониҳои машваратии кишоварзии Қирғизистон ва занбӯриасалпарварони ботаҷриба ҳамкорӣ намуда, донишу таҷрибаи андӯхтаро барои таҳияи мӯҳтавои замима истифода намудааст. |
Истифодабарандагон | Ҳоҷагии деҳқонии хурд |
Тавсифи истифодабарандагон | Истифодабарандагони мақсадноки замимаи мобилӣ асосан занбӯриасалпарварони навкоранд, ки деҳқонони хурд ва хоҷагиҳои миёна мебошанд. Замима барои паҳншавии васеъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон имконият дорад, зеро он ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шудааст. |
Бизнес модел | Пурра ройгон; Реклама |
Тавсифи бизнес модел | Замимаҳоро ба телефонҳои мобилӣ тавассути Google Play Store ё вебсайти барнома ройгон зеркашӣ ва истифода бурдан мумкин аст. Ҳарчанд, дар замимаҳо ду намуди in-app реклама ҷорӣ карда шудаанд: Google Ads ва модули худ барои намоиши реклама дар бораи тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо ва ғ. Арзиши реклама $5 дар як моҳ ё $25 дар як сол аст. |
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо | Замима то ҳол ба тоҷикӣ тарҷума нашудааст ва аз он танҳо истифодабарандагоне, ки бо забонҳои русӣ ҳарф мезананд, истифода мебаранд, ки ин паҳншавии онро дар кишвар маҳдуд менамояд. |
Марҳилаи занҷираи арзиш | Истеҳсолот |
Таъсирот |
Замимаи мобилӣ барои занбӯриасалпарварон огоҳии занбӯриасалпарваронро аз ҳаёт ва аҳамияти занбӯри асал баланд намуда, дониши насли наврасро оид ба маҳсулоти асал ва тартиби коркарди он васеъ менамояд. Ҳамин тариқ, ин онҳоро водор мекунад, ки бизнеси фоидаовар оғоз намуда, занбӯри асалпарвариро амиқ омӯзанд. Илова бар ин, барнома ба солим нигоҳ доштани занбӯри асал ва беҳтар кардани истеҳсоли асал тавассути банақшагирӣ ва идоракунии муассир ва дастрасӣ ба иттилооти мувофиқ ва боэътимод ва ғайра саҳм мегузорад. Дар айни замон замимаи мобилиро беш аз 5 000 истифодабарандагон зеркашӣ кардаанд. |
ҲРУ | ҲРУ 1: Барҳамдиҳии камбизоатӣ; ҲРУ 2: Бартарафкунии гуруснагӣ; ҲРУ 8: Кори шоиста ва рушди иқтисодӣ; ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор |