1 Хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣAPIЗамимаи мобилӣ
Замимаҳои мобилӣ барои чорводорон
Замимаҳои мобилӣ барои чорвопарварон аз ду замима иборат аст: замимаи якум ба нигоҳубин ва парвариши чорво роҳнамоӣ мекунад ва замимаи дуюм барои такмил додани усулҳои парвариши 8 намуди зироатҳои хӯроки чорво кӯмак мекунад.
Намуд | Ҳалли рақамӣ |
Ташкилот | Гурӯҳи ширкатҳои «Нексигол» (Нексигол Навовар барои таҳияи барномавӣ ва Нексигол Мушовир барои мушовараи техникӣ дар қисми агрономӣ масъул аст) ва ҶДММ «АгроИнформАзия» |
Намуди ташкилот | Консорсиуми шарикон |
Давлат / Қаламрав | Тоҷикистон, Қирғизистон |
Ҷойгиршавӣ | Хуҷанд, Бишкек |
Амалӣ шудааст, дар | Тоҷикистон, Қирғизистон |
Пайванд |
https://apps.agroinform.asia/tj/krs/index.html https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.agroinform.krsfermer&hl=ru&gl=US |
Доираи истифодабарӣ | Ташаккули иқтидор ва тавонмандсозӣ; Паҳни дониши кишоварзӣ ва хизматрасониҳои машваратӣ |
Домен | Чорводорӣ, саломатӣ ва истеҳсолоти чорво |
Тавсиф |
Замимаҳои мобилӣ барои чорвопарварон аз ду замима иборат аст: замимаи якум ба нигоҳубин ва парвариши чорво роҳнамоӣ мекунад ва замимаи дуюм барои такмил додани усулҳои парвариши 8 намуди зироатҳои хӯроки чорво кӯмак мекунад. Ду шакли замима оиди нигоҳубини чорво вуҷуд дорад - шакли якум барои деҳқонон ва шакли дувум барои байторҳо. Шакли замима барои деҳқонон дорои маълумот дар бораи ғизо, нигоҳдории оғилхона, парвариши чорво ва касалиҳои он мебошад. Шакли замима барои байторҳо ба акс гирифтан, нигоҳ доштани аксҳо ва эзоҳҳо ба онҳо имконият медиҳад. Замима барои парвариши зироатҳои хӯроки чорво дар бораи тухмиҳо, сифат ва ҳосилнокии хок, идоракунии моддаҳои ғизодиҳандаи хок, касалиҳо ва ҳашароти зараррасони дар минтақа мавҷуда, усулҳои гуногуни муҳофизат аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо, ва алафҳои бегона, аз ҷумла муҳофизати биологӣ маълумот пешниҳод менамояд ва ба истеҳсолоти кишоварзии устувор диққати махсус медиҳад. Ҳар ду замима ба истифодабарандагон имкон медиҳанд, ки бевосита бо таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ, хадамоти байторӣ ва дорухонаҳо дар тамос шаванд. |
Амалӣ шудааст, аз соли | 2017 |
Камолият | Исботшуда (васеъшавӣ) |
Дар ҳамкорӣ бо | Не |
Технология | Замимаи мобилӣ |
Тавсифи технология | Замимаҳои мобилӣ барои чорводорон аз ҷониби тими муҳандисони Нексигол дар ҳамкорӣ бо мутахассисони техникии АгроИнформАзия таҳия шудаанд. Онҳо барои смартфонҳо ва планшетҳои Андроид бо якчанд забон - Қирғизӣ, Русӣ ва Англисӣ дастрасанд. Гузариш байни забонҳо дар оффлайн имконпазир аст. АгроИнформАзия бо байторҳои ботаҷрибаи Қирғизистон ҳамкорӣ карда, донишу таҷрибаи андӯхтаро барои таҳияи мӯҳтавои замимаҳо истифода намудааст. Гузариши осон аз шакли замима барои деҳқонон ба шакли байторҳо. Гузариши осон аз версияи замима барои деҳқонон ба версияи байторҳо амалӣ карда шудааст. |
Истифодабарандагон | Ҳоҷагии деҳқонии хурд; Ҳоҷагии деҳқонии миёна; Бахши хусусӣ; Байторон |
Тавсифи истифодабарандагон | Истифодабарандагони мақсадноки замимаҳои мобилӣ асосан деҳқонон ва байторон мебошанд. Замимаҳо барои паҳншавии васеъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон имконият дорад, зеро он ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд. |
Бизнес модел | Пурра ройгон; Реклама |
Тавсифи бизнес модел | Замимаҳоро ба телефонҳои мобилӣ тавассути Google Play Store ё вебсайти барнома ройгон зеркашӣ ва истифода бурдан мумкин аст. Ҳарчанд, дар замимаҳо ду намуди in-app реклама ҷорӣ карда шудаанд: Google Ads ва модули худ барои намоиши реклама дар бораи тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо ва ғ. Арзиши реклама $5 дар як моҳ ё $25 дар як сол аст. |
Мушкилиҳо / Маҳдудиятҳо | Замимаҳои мобилӣ то ҳол ба тоҷикӣ тарҷума нашудааст ва аз онҳо танҳо деҳқонон ва байторҳое, ба забони русӣ ҳарф мезананд, истифода мебаранд, ки ин паҳншавии онҳоро дар кишвар маҳдуд менамояд. Инчунин, замима бояд бо маълумот дар бораи ҳашароти зараррасон ва касалиҳои нав ва усулхои мукаммали муҳофизати растаниҳо пурра карда шавад. Илова бар ин, мӯҳтавои замимаҳо бояд мунтазам бо донишҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок дар бораи таҷрибаҳои хуби агротехникӣ актуалӣ карда шавад. |
Марҳилаи занҷираи арзиш | Истеҳсолот |
Таъсирот | Замимаҳои мобилӣ барои чорводорон ба деҳқонон дар қабули қарорҳои самаранок ва истеҳсолоти устувор кӯмак мекунанд ва ба ин васила метавонанд ба маҳсулнокии чорво ва фермаҳо, ғизои ҳайвонот, саломатӣ ва инкишофи онҳо ба таври устувор саҳм гузоранд.Дар айни замон замимаҳои мобилиро беш аз 15 000 истифодабарандагон зеркашӣ кардаанд. |
ҲРУ | ҲРУ 1: Барҳамдиҳии камбизоатӣ; ҲРУ 2: Бартарафкунии гуруснагӣ; ҲРУ 8: Кори шоиста ва рушди иқтисодӣ; ҲРУ 9: Саноаткунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор |